Технология (синфи 10) icon

1.0 by Китобхои фаннии точики


Jul 5, 2018

About Технология (синфи 10)

Технология (синфи 10)

Давлату ҷомеа ояидаи неки худро

бо пешравии со.ҳаи маориф, бо тайёр

намудани мутахассисони варзидаи дорои

маълумоти олӣ ва миёнаи махсус

мепайвандад, зеро бе пешравии ин соҳа

беҳбудии иқтисодӣ, инкшиофи фарҳанг ва

ташаккули ша.хсияти дорои олами бойи

ботиниро тасаввур кардан мумкин нест.

Эмомалӣ Раҳмоп

Шумо аз барномаҳои телевизиону радио, матолиби

рӯзномаю маҷаллаҳо, гуфтугӯи калонсолон амалан ҳар рӯз

дар бораи ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар мамлакати мо идома

дорад, маълумоти гуногун мегиред.

Дар бораи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, зарурати

инкишоф додани соҳибкории озод ва дастгирии соҳибкории

хурду миёна бисёр мегӯянду менависанд. Вазифаи

муҳимтарини ин гузариш баланд бардоштани сатҳи

истеҳсолот ва афзоиши микдори молу хизмати

истеҳсолшаванда мебошад ва дар ин бобат умеди асосӣ ба

соҳибкорон баста мешавад. Маҳз онҳо бояд дар ҳалли

масъалаҳои мазкур нақши ҳалкунанда бозанд.

Соҳибкорӣ чист ва соҳибкор кист? Оё воқеан дар

иқтисоди бозоргонӣ соҳибкор нақши ҳалкунанда мебозад?

Эҳтимол шумо низ оид ба ин масъалаҳо борҳо фикру андеша

кардаед.

Оё ба назаратон чунин наменамояд, ки вақти ба таври

объективӣ сарфаҳм рафтан ба ин масъалаҳо фаро расидааст?

Китобе, ки алҳол дар даст доред, ба шумо дар ин бобат ёрӣ

мерасонад.

Соҳибкориро ёд гирифтан лозим аст. Дар иқтисодиёти

бозоргонӣ маҳз соҳибкорӣ роҳи на танҳо некӯаҳволии

хусусӣ. балки гулгулшукуфии ҷамъиятӣ низ мебошад.

Бо ин китоб чӣ хел кор кардан лозим аст, то аз он барои

худ манфиати бештар гиред.

Бо ин китоб шумо бояд ҷидди кор кунед, зеро сарсари

хонда баромадани он самараи дилхоҳ намедиҳад.

Агар шумо китобро бодиққату боҳавсала хонед,

супоришҳоеро, ки дар охири ҳар фасл омадаанд, дақиқан ва

пай дар пай иҷро кунед, дар охир соҳиби бизнес-нақшаи

мустақилона таҳиягардида мешавед. Дар бораи таъйиноту

аҳамияти бизнес-нақша дар фаъолияти соҳибкорӣ дар китоб

ба таври муфассал накд карда шудааст. Ҳангоми таҳияи

бизнес-нақша ташаббускору боҷуръат бошед, аз қарорҳои

наву ғайриқолабй наҳаросед, вале ҳамеша воқеъбин бошед.

Ҳамзамон зимни машғулиятҳои амалӣ оид ба технология

шумо намунаҳои маҳсулотеро, ки истеҳсоли он дар

корхонаатон пешбинӣ шудааст, тайёр мекунед.

Агар дар китоб бо ягон калима ё истилоҳи нофаҳмо

дучор оед, дилгир нашавед. Ҳамаи истилоҳҳои махсус ё дар

матн ё дар луғатнома, ки дар охири китоб меояд, шарҳ дода

мешаванд.

Дар замимаҳои китоб маводи иловагии зерин оварда

шудааст: тест барои арзёбӣ (ё баҳодиҳӣ)-и қобилияти

соҳибкории хурд: намунаҳои ғояҳои соҳибкорӣ, ки шумо

онҳоро чун асос барои корхонаи худ истифода бурда

метавонед. Умедворем, шумо курси технологияи

соҳибкориро бомуваффақият азхуд мекунед.

Шумо таҳсилро дар мактаб ба итмом расонида

истодаед. Нақшаи ояндаи худ - касб, ихтисос, мартабаро чӣ

тавр тартиб додан лозим аст. Таҳсилро дар куҷо давом

додан ба мақсад мувофиқ мебошад: дар омӯзишгоҳи касбӣ,

коллеҷ ё мактаби олӣ?

Ба ин масъалаҳо як боби китоб бахшида шудааст. Иҷрои

лоиҳаи эҷодии «Нақшаҳои ҳаётии ман ва карйераи касбӣ» ба

азхуд кардани касбинтихобкунӣ ва худмуайянкунии касбӣ

ёрӣ мерасонад.

Ҳангоми азхуд кардани технологияи интихоби касб

ҳамаи дониши андӯхтаатон аз курси технология мавриди

истифода қарор мегирад ва маҳорати истифодаи

эҷодкоронаи он фаъол мешавад.

What's New in the Latest Version 1.0

Last updated on Jul 5, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Translation Loading...

Additional APP Information

Latest Version

Request Технология (синфи 10) Update 1.0

Requires Android

4.0 and up

Show More

Технология (синфи 10) Screenshots

Comment Loading...
Searching...
Subscribe to APKPure
Be the first to get access to the early release, news, and guides of the best Android games and apps.
No thanks
Sign Up
Subscribed Successfully!
You're now subscribed to APKPure.
Subscribe to APKPure
Be the first to get access to the early release, news, and guides of the best Android games and apps.
No thanks
Sign Up
Success!
You're now subscribed to our newsletter.