Icona Таърихи халки точик (синфи 6)

1.0 by Китобхои фаннии точики


Jul 16, 2018

Informazioni su Таърихи халки точик (синфи 6)

Таърихи халки точик (синфи 6)

Таърихи ибтидои асрҳои миёна аз асри III то асри VIII милодро

дар бар мегирад. Дар таърихи халқи тоҷики ин давраҳо дигаргуниҳои

муҳими сиёсй, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангй ба амал омадаанд.

1. Аввалан, дар ин давра ҷомеаи ғуломдорӣ ба ҷомеаи деҳқонӣ

(феодалӣ) иваз мешавад. Сабабаш он буд, ки дар тӯли мавҷудияти

бисёрасраи худ дар ҷомеаи ғуломдорӣ номувофиқиҳои зиёде дар

сохтори иқтисодй, иҷтимоӣ ва сиёсй ба вуҷуд омада, муқобили якдигар

амал мекарданд ва бо мурури замон сохти навро ба вуҷуд оварданд.

Сохти деҳқонй аз ҳар ҷиҳат нисбат ба ғуломдорӣ беҳтар ва

пешқадамтар буд.

Барои чй мо сохти деҳқонй мегӯем? Дар таърихи замони Шӯравй

ин давра ва сохторро феодалӣ мегуфтанд. Вожаи феодалӣ аз забони

лотинй гирифта шуда, маънояш дорандаи замин, об, пул, мол (чорво)

ва ғайра мебошад. Дар таърихи Аврупои Ғарбй (Олмон, Фаронса

ва Англия) феодал гуфта дорандаи заминеро мегуфтанд, ки ба хизматчиён,

хусусан ҳарбиён туҳфа мешуд ва он меросй аз насл ба насл

мегузашт.

Мардуми тоҷик-ориёиҳо дар ибтидои асрҳои миёна деҳқон гуфта,

табақаи заминдорон, давлатмандони бузургро меномиданд. Деҳқонон

дорандаи замини зиёд, деҳаҳо, рамаи чорпоён ва обу конҳо

буданд. Деҳаҳо бо одамонаш дар ихтиёри деҳқон буданд ва ба манфиати

он кор мекарданд. Яъне деҳқони ибтидои асрҳои миёна

мафҳуми пурраи вожаи феодали аврупоиро ифода мекунад. Калимаи

деҳқон ба маънои ашроф, ориёинажод, шоҳзода, тоҷик низ истифода

шудааст. Масалан, устод Фирдавсй мегӯяд:

Зи гуфтори деҳқон кунун достон

Бипайвандам аз гуфтаи бостон.

Дар ин мисраъҳо деҳқон ба маънои этникӣ — халқ, миллат ва

тоҷик омадааст. Яъне достон аз таърихи шоҳон дар назар дошта

шудааст.

Ҳамин тавр, мо ба ҷойи вожаи феодали аврупой калимаи дар забони

тоҷик маълум — деҳқонро истифода мекунем. Дар ивази вожаи

деҳқони кунунӣ калимаи кишоварз истифода мешавад.

Дар таърихи Аврупо (дар Рим) сохти ғуломдорӣ дар асри V милод

бар асари шӯришҳои бисёрасра ва ҳуҷуми қабилаҳои гуногун аз

шарқу шимол барҳам хӯрд.

3

2. Дар Тоҷикзамин (Ориёзамин) сохти ғуломдорӣ дар натиҷаи

суст шудани ҳукумати марказӣ ва аз итоати вай баромадани вилоятҳо

ва мустақил шудани онҳо барҳам хӯрд. Яъне вилоятҳои бузург

оҳиста-оҳиста аз итоати ҳукумати марказй баромада, худро мустақил

эълон карда, сабаби барҳам хӯрдани давлати ғуломдории Портҳо —

Ашкониён дар Тоҷикзамини Ғарбӣ шуданд. Дар вилоятҳои ҷудошуда

ғуломон озод буданд, қувваҳои асосии истеҳсолиро кишоварзони

озод ташкил менамуданд. Ҳамин тавр, дар таърихи мо бо роҳи осоишта

аз асри III милод сохти ғуломдорй ба деҳқонӣ иваз шудааст.

Дар Тоҷикзамини Шарқй, ки ба он вилоятҳои Фарғона, Ҳафтрӯд,

Қошғару (Кашғар) Хутан, Зобулу Кобул, Чоч, Истравшан, Суғд,

Бохтар ва Хоразм дохил мешуданд, дар асри II пеш аз милод ба ҷойи

давлати ғуломдории Юнону Бохтар давлати Кушониён барқарор

гардид. Кушониён аз кӯчиёни озоди саҳронавард иборат буданд ва ба

сохти ғуломдорй хеле кам ошно буданд. Замин дар дасти кишоварзони

озод буд ва дар дохили давлати Кушониён сохтори кишоварзони

озод оҳиста-оҳиста аз унсурҳои ғуломдории классикӣ дур шуда,

ба ҷомеаи деҳқонй-феодалӣ мегузарад. Бояд арз кард, ки шакли ғуломдории

классикии Рим ва Юнон дар Ориёзамин набуд ва юнониён

онро ҷорй карда натавонистанд

Novità nell'ultima versione 1.0

Last updated on Jul 16, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Traduzione in caricamento...

Informazioni APP aggiuntive

Ultima versione

Richiedi aggiornamento Таърихи халки точик (синфи 6) 1.0

Caricata da

Agus Purnama

È necessario Android

Android 4.0+

Mostra Altro

Таърихи халки точик (синфи 6) Screenshot

Commento Loading...
Lingua
Ricerca...
Iscriviti ad APKPure
Sii il primo ad accedere alla versione anticipata, alle notizie e alle guide dei migliori giochi e app Android.
No grazie
Iscrizione
Abbonato con successo!
Ora sei iscritto ad APKPure.
Iscriviti ad APKPure
Sii il primo ad accedere alla versione anticipata, alle notizie e alle guide dei migliori giochi e app Android.
No grazie
Iscrizione
Successo!
Ora sei iscritto alla nostra newsletter.